3 декабри соли ҷорӣ дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилнозаи Даврон ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини соҳаи тандурустии вилоят, мудирони шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиш, фаъолони ҲХДТ, собиқадорон ва аҳли зиё ширкат варзиданд.
Зимни ҷаласаи корӣ вазъи воксинагирии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Деваштич, Панҷакент, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Мастчоҳ ва Хуҷанд баррасӣ гардида, барои пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки барои пурзӯрнамоии корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба ваксинатсия миёни аҳолӣ дар вилояти Суғд ,тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Дар натиҷаи фаъолияти гуруҳҳои корӣ миёни масъулини соҳаи тандурустӣ, аҳли зиё, собиқадорон, фаъолони ҳизбӣ, раисони ҷамоату маҳаллаҳо ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз санаи 29 ноябр то 3 декабри соли ҷорӣ 25 мулоқоту вохӯриҳои судманд ташкил ва баргузор карда шуданд.
Идомаи корҳои тарғиботӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида ва фаъолияти ситодҳо ба роҳ монда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд