Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи нуҳуми байналмилалӣ оид ба дзюдо баргузор мешавад

Азназаргузаронӣ: 274

Рӯзҳои 19-20 сентябр дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аз рӯи 5 категорияи вазнӣ миёни мардон: -66кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг, инчунин дар ду вазн миёни занон: 57кг ва -63 кг баргузор мегардад. Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои хориҷӣ даъват шудаанд.

Ғолибону ҷоизадорон бо медалу диплом ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум бо 40 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм бо 20 ҳазор сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд