Соҳибкорон аз вилояти Красноярски ФР ба Суғд меоянд

Азназаргузаронӣ: 232

Имрӯз, 14 сентябр соҳибкорон аз вилояти Красноярски Федератсияи Россия ба вилояти Суғд ташриф меоранд.

Соҳибкорони рус рӯзҳои 14-17 сентябр дар вилояти Суғд бо соҳибкорони вилоят мулоқоту вохӯриҳо гузаронида, ҷиҳати табодули молу маҳсулот мубодилаи афкор менамоянд.

Ҳамзамон дар назар аст, ки меҳмонон бо имкониятҳои мавҷудаи соҳаи сайёҳии вилояти Суғд шинос гарданд.

Меҳмонон аз Регистони Панҷшанбе, Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд,  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд,  Боғи миллии "Ваҳдат", Баҳри тоҷик, корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", "Ҷавонӣ" боздид карда, дар Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск иштирок мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд