Рӯзҳои 8 ва 9 сентябр ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чорабиниҳои идона ташкил карда мешавад.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, мактаб-интернатҳо, муассисаҳои махсусӣ мактабӣ ва томактабии шаҳру ноҳияҳо дастархони идона ороста шуда, бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар чорабиниҳои идона намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд