«МЕНЕҶМЕНТИ ЛОИҲАВӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ». Дар шаҳри Гулистон Мактаби тобистона ифтитоҳ ёфт

Азназаргузаронӣ: 432

5 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон Мактаби тобистонаи «Менеҷменти лоиҳавӣ дар идоракунии давлатӣ» ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Академияи идоракунии давлатӣ.

Дар расми ифтитоҳи Мактаби тобистона Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухалил Ғафурзода, роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ, доктор Макс Георг Майер, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатӣ Сомон Исматов ва намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Саидова иштирок намуданд.

Зимни ҷамъомад Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода зикр намуд, ки Академияи идоракунии давлатӣ чанд сол аст, ки дар доираи ҳамкории судманд бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон корҳои назаррас ба анҷом мерасонад. Дар баробари он ки дар Академия аз ҳисоби Фонди мазкур магистратураи хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунад, ҳамчунин ҳамасола дар доираи ҳамкорӣ мо чанд машварату чорабиниҳои сатҳи гуногун доир менамоем. Ташкил ва баргузории Мактаби тобистонаи «Менеҷменти лоиҳавӣ дар идоракунии давлатӣ аз ҷумлаи ҳамин ҳамкории судманди дуҷонибаи мо ба ҳисоб меравад.

«Лагери мазкур ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки дар навбати аввал миёни ҳам табодули афкор намуда, аз донишҳои назариявӣ ва амалиявии ҳамдигар баҳравар гарданд. Ин раванд метавонад дар фаъолияти кории ояндаи ҳар иштирокчӣ саҳми арзанда гузорад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷалби устодони соҳибтаҷриба ва дорои донишҳои муосир дар самти идоракунии лоиҳаҳо лагерро барои иштирокчиён ҷолиб ва шавқовар хоҳад намуд»,-афзуд Абдухалил Ғафурзода.

Роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер иброз дошт, ки шаҳри Гулистон чун дигар шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ, шаҳри пешрафта ва хеле диданист. Баргузории Мактаби тобистона дар ин шаҳри зебо ҳамеша дар ёди мо хотираҳои нек хоҳад гузошт.

Дар Мактаби тобистонаи «Менеҷменти лоиҳавӣ дар идоракунии давлатӣ» тренерони сатҳи байналмилалӣ профессори филиали Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Алтин Есиркепова ба иштирокчиён аз Академияи Вазорати молияи Гурҷистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба менеҷменти лоиҳавӣ дар идоракунии давлатӣ дарс медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Мактаби тобистонаи «Менеҷменти лоиҳавӣ дар идоракунии давлатӣ» то 10 сентябр идома намуда, дар доираи он иштирокчиён баробари машваратҳои омӯзишӣ аз маконҳои таърихии шаҳри Хуҷанд низ дидан мекунанд.