Ғолибони озмуни "Ҳунарманди сол" муайян ва қадршиносӣ гардиданд

Дар толори Театри драмавӣ-мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт маросими ҷамъбастии озмуни  «Ҳунарманди сол» баргузор гардид.

Тибқи баҳогузории ҳакамони озмун дар бахши кандакорӣ Ҳакимов Мелиқузӣ аз Ҷамоати деҳоти Ашт, дар бахши дӯзандагӣ Негматова Гулноза аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, дар бахши наққошӣ-кулолгарӣ Юлдошев Боҳир аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, дар бахши бофандагӣ Тошматова   Хуморой  аз  Ҷамоати деҳоти  Ошоба, дар бахши оҳангарӣ Абдухалилов Бахтиёр аз  Ҷамоати деҳоти Ашт ғолиб дониста шуданд.

Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба ғолибони озмун Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд