Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Суғд 36 нафар иштирок мекунанд

Азназаргузаронӣ: 1644

Ғолибони даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба шаҳри Душанбе сафар карданд.

Тибқи иттилооти роҳбари гуруҳ, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов 36 нафар ғолибони даври вилоятӣ дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Озмун ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

Дар соли гузашта намояндаи вилоят, сокини шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гардида, барандаи "Шоҳҷоиза" шуда буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд