Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави қисми мустақили 63-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур раиси ноҳия Аъзам Ализода, сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, полковники хизмати дохила Рустам Мирзозода ва дигар ҳайъати шахсӣ иштирок доштанд.
Раиси ноҳия ва сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд пас аз буридани лентаи рамзӣ аз ҳуҷраҳои кории бино дидан намуда, бо шароит ва имкониятҳои корӣ шинос гардиданд.
Аъзам Ализода ба муносибати ифтитоҳи бинои нав ҳамаи кормандони хадамотро табрик намуда, иброз дошт, ки касби оташнишонӣ пурмашаққат буда, кормандони ин соҳа ҳамарӯза баҳри аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани молу амвол ва ҳаёти инсон мубориза мебаранд ва баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва молу мулки онҳо ҳаёти хешро дареғ намедоранд. Дар ин самт фаъолияти кормандони қисми мустақили 63-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳия басо ибратомӯз мебошад.
Сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд Рустам Мирзозода зимни суханронӣ аз хидматҳои арзандаи кормандони соҳа ёдовар шуда, афзуд, ки бо ба истифода қарор гирифтани бинои нав ва беҳтар гардидани шароити кории ҳайати шахсӣ ҳар як корманди соҳаро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш боз ҳам ҷиддитару бо масъулият рафтору муносибат намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки бинои маъмурии қисми мустақили 63-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ бо фармоиши Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суҳд ба маблағи умумии зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.
Пудратчии сохтмон ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон ва Воридот” буда, бинои мазкур аз 2 ошёна, 9 ҳуҷраи корӣ ва як хобгоҳ барои кормандон иборат мебошад. Барои таҷҳизоти ҳуҷраҳои бино зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ низ равона гардонидааст. Корҳои сохтмони бино ҳанӯз соли 2020 оғоз гардида буд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд