Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо фаъолони ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Мастчоҳ

Азназаргузаронӣ: 526

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот сурат гирифт.

Мулоқотро муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ифтитоҳ бахшид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи вохӯрии мазкур фаъолону сокинони ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов низ ширкат карданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ доир ба ҳадафҳои асосии Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат, татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ибрози назар намуд.

Номбурда таъкид дошт, ки истиқлоли давлатӣ нодиртарин дастоварди миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифз ва ҳимояи он вазифа ва қарзи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди бадалшавии идеологияҳо зиракии сиёсиро аз даст надода, дар партави сиёсати Роҳбари олии мамлакат баҳри расидан ба музаффариятҳои шоиста содиқона меҳнат кунанд.

Дар фарҷом як қатор иштирокчиёни мулоқот ба сухан баромада, бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ором миннатдории худро ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷӯҳи пайваста ва дастгирии доимӣ расониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд