Идомаи мумфаршкунии роҳҳо дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва бошандагони маҳаллаи ба номи А. Ҷомии Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба масофаи як километр роҳ мумфарш карда шуд.

 2 август раиси ноҳия Аъзам Ализода аз роҳи мумфаршшаванда дидан намуда, ба соҳибкорон ва ашхоси хайрхоҳу саховатпешаи маҳаллаи мазкур барои иқдоми некашон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Маҳаллаи А. Ҷомӣ маҳаллаи навташкил буда, дар он беш аз 8 ҳазор аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Роҳи кӯчае, ки мумфарш мешавад шағалрез буда, хусусан дар фасли зимистон ва дар мавсими боришот ба равуои сокинон мушкилӣ эҷод мекард. Бо баробари мумфарш гардидани роҳи мазкур орзуи деринаи сокинон амалӣ хоҳад шуд.

Сокинони маҳалла ва пирони кордидаи ин диёр аз иқдомҳои наҷибонаи соҳибкорон, ки пайваста дар корҳои ободонии диёр саҳм мегузоранд ва барои дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миннадории худро баён намуданд.

Ҷамоати Оббурдон яке аз калонтарин ҷамоатҳои ноҳия маҳсуб ёфта, дар он наздик ба 45 ҳазор аҳолӣ ба сар мебаранд.

Дар давоми 3 соли охир дар ҷамоати мазкур беш аз 7 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд