Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолону сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Шаҳристону Деваштич баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовинон ва роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои болозикр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, воҳидҳои сохторӣ, зиёиён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Зимни суханронии хеш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, ваҳдати сартосарӣ ва рушди Тоҷикистонро аз баракати истиқлол ва файзи он арзёбӣ намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки вазъи таъғирёбанда ва пешгуйнашавандаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ, баландии бесобиқаи ҳарорати гармии ҳаво ва ба миёноии камобӣ моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар бартарафсозии оқибатҳои вазнини он гузорем. Сулҳу ваҳдат, истиқлолу озодӣ нишонаҳои беҳтарини ватандориро ҳифз намоем. Дар пешрафт ва сарсабзии диёр саҳмгузор бошем.

Дар идома, фаъолони шаҳр ва ноҳияҳо суханронӣ намуда, доир ба мавзуъҳои мубрами рӯз, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, дастгирии ҷавонон ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, инчунин соҳаи муҳими давлатдорӣ, хамаҷониба дастгирӣ намудани дастуру хидоятҳои Сарвари мамлакат оид ба истифодаи дурусти ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи хурока, пешгирии исрофкорӣ ибрози назар намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, бо таъкид аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ба фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳо ҷиҳати самаранок ва оқилона истифодабарии замин, бо сифати аъло анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида, ба 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои муҳими сиёсии дар пеш истода, ибрози ақида намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд