Вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар Истаравшан

Азназаргузаронӣ: 310

Дар деҳаи Вогати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан хати оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Хати оби ошомиданӣ бо кандани чоҳи амудӣ, ки аз ҷониби сокинони деҳа бо харҷи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид, 75 хонаро бо оби нӯшокӣ таъмин кард. Мавриди зикр аст, ки сокинони деҳа солҳои зиёд аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд.

Ҳамзамон, бо дастгирии сокинони деҳаи Ругунд корҳои мумфаршкунии роҳи марказии деҳа оғоз карда шуд. Иқдоми мазкур бо дастгирии сокинону соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ гардида, бо харҷи зиёда аз 320 ҳазор сомонӣ наздик 1,5 километр роҳ пурра мумфарш карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки тадбирҳои болозикр дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар дигар деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Истаравшан низ корҳои созандагӣ бомаром идома доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд