Ашт. Оғози таъмири роҳи Навбунёд-Пунук

Азназаргузаронӣ: 217

26 июл бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт таъмири роҳи Навбунёд-Пунук оғоз ёфт.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар суҳбат бо сокинон аз вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия ёдовар шуда, барои саҳмгузории сокинон дар ободонии роҳ миннатдории худро баён кард. Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмири ҷории роҳи мазкур аз ҷониби сокинони саховатпеша 230 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ гардида, мардум барои ободии диёр саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Сокинон бо ёдоварӣ аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат иброз доштанд, ки минбаъд низ барои ободии маҳал аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд