Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят ба манзили собиқадори соҳаи сохтмон, собиқ корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдурашид Ашӯров ва собиқадори соҳаи маориф, профессор Назирҷон Турсунов омада, аз ҳоли онҳо хабар гирифт.

Дар суҳбат бо собиқадорон роҳбари вилоят аз хизматҳои онҳо дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуда, иброз дошт, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати софдилонаи шахсиятҳои пешсафи ҷомеа, ки барои давлату миллат хизмат кардаанд, арҷ мегузорад.

Аёдатшудагон аз ғамхориҳои доимӣ изҳори қаноатмандӣ карда, сипосмандии худро баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд