Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2022

12 июл дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2022 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ташкилоту идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён намуда буданд, тадбирҳои заруриро амалӣ карда, баҳри таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуд.

Сипас, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли равон маълумот дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирандешиҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 6 моҳи соли 2022 ба 11,1 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шуд. Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, ба миқдори 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш мутаносибан 97,2 ва 101,6 фоизро ташкил намудааст.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд  андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 3 млрд. 365,2 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 112,1 фоизи нишондиҳандаи ҳамин  давраи соли 2021 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 1 млрд. 647,0 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1 млрд. 718,2 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 6,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 109,0 фоиз, 115,4 ва 110,3 фоиз таъмин гардидааст.

Барои ҳосили соли 2022 дар масоҳати 279 ҳаз. 854,4 гектар кишт гузаронида, нақшаи кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ дар ҳаҷми 454,85 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд ва корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 635,7 млн. сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан 113,4 ва 108,7 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба маблағи 776,9 млн. сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 104,1 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба 1 млрд. 416,8 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138% таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 896,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146,5 млн. доллар ё 19,5 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 243,9 млн. доллар ё 1,9 % зиёд  мебошад.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2022 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 1 млрд. 683,5 млн. сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша 106,3 фоиз таъмин карда шуд ва ба буҷет 1 млрд. 790,4 млн. сомонӣ  ворид гардид, ки  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 106,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.   

Дар ин давра, ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1 млрд. 175,5  млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1 млрд. 227,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 4,4 фоиз ё ин ки 52,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 590,0 млн. сомонӣ, тандурустӣ 25,5 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13,2 млн. сомонӣ,  фарҳангу варзиш 121,2 ва дар маҷмўъ 749,9 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 61,8 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил намуд.

Зариф Мирдадо ҳамзамон оид ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш маълумот дод.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо барои ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, татбиқи саноатикунонии босуръат, ҷамъоварии ғалла, меваҷот, сабзавот, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, таъмини истифодаи самараноки замин, вусъати кишти такрорӣ, гирифтани ду-се ҳосил, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, иҷрои нақшаву уҳдадориҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми меҳнатдӯсти вилоят ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас таҷлил намуда, барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд