
9 июл сокинони вилояти Суғд бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Тоҷикистони биҳиштосо Иди Қурбонро таҷлил намуданд.
Дар тамоми масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва ҷомеи шаҳру ноҳияҳо сокинон намози идро хонда, барои пойдории сулҳу субот ва шукуфоии Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддин омад ва аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намозгузоронро бо фарорасии Иди саиди Қурбон самимона табрику таҳният гуфт. Таъкид гардид, ки Иди Қурбон мисли аксари ҷашну маросим, идҳои таърихӣ, миллӣ ва динии мардуми куҳанбунёди мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ истиқболи тоза ёфт ва маҳбубияти пешини хешро ҳифз намуд.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи Иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст, таъкид намудаанд: «Дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони бемор аз ҷумлаи суннату фазилатҳои хоси Иди Қурбон мебошад».
Воқеан ҳам, Иди саиди Қурбон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ беҳтарин арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро дар худ таҷассум намуда, аҳли ҷомеаро ба амалҳои нек ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, дар арафаи иди мазкур ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, ёрмандӣ ба ниёзмандон, ятимону маъюбон ва мўҳтоҷон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ҳамчун беҳтарин суннатҳои Иди саиди Қурбон дар мустаҳкам гардидани дўстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим мебошад,- иброз дошт роҳбари вилоят.
Гуфта шуд, ки Иди саиди Қурбон бисёр унсурҳои неки инсондӯстона дорад, ки шахси мусулмон бо анҷом додани онҳо метавонад соҳиби аҷру савоби зиёд гардад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Дар охир изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони вилоят дар соли барои халқу мамлакат таърихии омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, ки асоси суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва устувории сохти конститутсиониро гузошт, бештар муттаҳид гардида, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зеботар мегардонанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




