Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнат, сокинони шаҳри Бӯстон Содиқ Орифов ва Қундузой Солиҳоваро аёдат кард.
Дар суҳбат бо собиқадорон роҳбари вилоят аз саҳми онҳо дар рушди ҷомеа ёдовар шуда, иброз дошт, ки хизматҳои пешсафони ҷомеа мунтазам аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қадр карда мешавад.
Таъкид гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорон ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки Содиқ Орифов солҳои зиёд дар соҳаи хизмати давлатӣ ва Қундузой Солиҳова дар соҳаи маориф кор карда, фаъолияти бенуқсони онҳо намунаи ибрат барои насли наврас аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд