22 июни соли равон дар толори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ ва ҷаҳони муосир” бо иштироки Раиси вилоятии Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, сиёсатмадорони ҷумҳурӣ, олимону устодон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар конфронс нахуст фаро расидани 25-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллиро табрик гуфт. Қайд карда шуд, ки маҳз бо шарофати барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт. Барқарор шудани сулҳу субот имконият фароҳам овард, ки татбиқи барномаҳои муҳимтарини иқтисодию иҷтимоӣ бо ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ амалӣ гардад.
Таҷрибаи дар фосилаи кўтоҳи таърихӣ хомўш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аҳамияти бузурги байналмиллалӣ пайдо карда, фарҳанги сулҳи Пешвои миллати тоҷикон мавриди эътирофи ҷаҳониён ва яке аз омилҳои муҳимтарини дар арсаи байналмилалӣ бо шоистагӣ қадам задани Тоҷикистон гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз марҳалаҳои бунёди давлатдории навини тоҷикон барҳақ зикр намудаанд, ки сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ барои мо қутбнамое гардид, ки дар заминаи он мо ба марҳилаи нави зиндагӣ – барқарорсозӣ ва ободонии Ватани азизамон рў овардем.
Дар натиҷаи расидан ба Ваҳдати миллӣ аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, кишвари мо ба марҳалаи рушд ворид шуд ва пешрафти босуботи иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.
Маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд низ иншоотҳои азими аҳамияти умумидавлативу байналхалқӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бо бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб - Шимол» шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ташкил карда шуда, ифтитоҳи нақбҳои мошингарди Анзоб ва Шаҳристон ва бунёди иншооти бузурги иқтисодӣ - истеҳсолӣ ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат намуд ва кишварамонро ба ҳалли яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ расониданд.
Аз баракати сулҳу оромӣ таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян гардид, ки имрўз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандўстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.
Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони ватандўст ва баору номуси Суғди бостонӣ баробари тамоми мардуми Тоҷикистони азиз бо сарфарозӣ ва ихлоси тамом ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш намуда, ҷавобан ба тамоми ғамхориву дастгириҳои Сарвари ваҳдатофару сулҳофарини хеш барои ба вуҷуд овардани бузургтарин корномаҳои созандагӣ ва мусоидат дар пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифз ва густариши андешаи сулҳи тоҷикон ва фарҳанги нодири ваҳдатофаринӣ ва дастовардҳои ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, расидан ба мақсадҳои бузурги давлатсозӣ ва ормонҳои наҷиби давлатдорӣ якҷоя талош хоҳанд намуд.
Маҳз ҳамдилӣ, ваҳдати миллӣ ва шукўҳи сулҳу субот имкон фароҳам меоварад, ки Ватани азизамонро ба кишвари пешрафта табдил диҳем ва онро чун макони хурраму ободу шукуфон ба чашми оламиён ба намоиш гузорем.
Ҳамчунин, дар конфронс академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов дар мавзӯи “Пешвои миллат ташаббускори музокирот ва меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон”, мудири шуъбаи таърихи навтарини Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дотсент, Абдулло Ғафуров дар мавзӯи “Ваҳдат мароми олии миллат” ва доктори илмҳои таърих, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набизода дар мавзӯи “Аҳдномаи ризоияти ҷомеа-падидаи нодири мактаби сулҳофарии Пешвои миллат” бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар охир иштирокчиёни конференсия бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муроҷиатнома қабул намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд