22 июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва олимону донишмандон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Дар охир аз ҷониби иштирокдорони конференсия муроҷиатнома қабул карда шуд, ки пешниҳоди хонандагон мегардад:
МУРОҶИАТНОМАИ
иштирокчиёни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир»
Мо, иштирокдорони конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир», бо назардошти дарки амиқи аҳамияти таърихии сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ дар Тоҷикистон, ки ба хидматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунанд, маърузаҳои илмии дар конфронс манзуршударо шунида, бори дигар таъкид мекунем, ки дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ дар сарнавишти миллат ва мардуми тоҷик баробари Истиқлол арзиш ва аҳамияти беназир дорад.
Мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта, муқовимати сиёсиро бо ризояту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон доданд.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо ҳамчун фарзандони содиқи ин Ватани азиз вазифадорем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиро, ки барои ҷомеаи мо дастоварди бузург ва заминаи тамоми таҳаввулоти демократӣ мебошад, қадр ва ҳифз менамоем.
Дар ин бора, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арзиш ва аҳамияти сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бамаврид таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозию қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рў, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем». Ҳосили талошҳои Пешвои сулҳофар ва меъмори воқеии ваҳдати миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ба таъмин гардидани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ мусоидат намуд, дар баробари эҷоди равобити густардаи Тоҷикистон бо мамлакатҳои олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, ҳамчун сабақи равшани таърихӣ ва таҷрибаи тоза дар таҳкими суботу оромӣ ҷойгоҳе муайян дарёфт.
Аз ин рў, ҳамаи ин пешрафтҳоро мо аз баракати ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи пойдор, заҳмати пурмаҳсули мардум ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем ва ҳифзу гиромидошти ин неъмати бузург ва беназирро вазифаи муқаддаси ҳар як сокини шарафманди кишвар меҳисобем.
Мо, иштирокдорони конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар соли барои халқу миллат таърихии таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории навин, нақши арзанда дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми кишвар аз мақомоти олии қонунгузори мамлакат хоҳиш менамоем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дуюм бо унвони олии Ватан - “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонанд.
Бигузор, ваҳдати миллӣ, сулҳи субот ва истиқлоли миллии мо ҷовидона бошад!