Дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" миёни дастаҳои "Суғд" ва "Ҷиззах" бозии дӯстона оид ба футбол доир гардид.
Дар ҳайати дастаҳо раисони вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах Раҷаббой Аҳмадзода ва Эргаш Солиев низ бозӣ карданд ва бозии дӯстона бо ҳисоби 1-0 ба фоида дастаи "Суғд" ба анҷом расид.
Қабл аз оғози бозӣ ҳамзамон бо ширкати санъаткорони вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо роҳбари ҳокими вилояти Ҷиззах ҳайати калони меҳмонон аз ин вилоят ба Суғд омадаанд. Дар баробари роҳбарони корхонаву ширкатҳои саноативу тиҷоратӣ аз Ҷиззах инчунин сарояндагону санъаткорон ва варзишгарон низ ташриф оварда буданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд