Маросими кушодашавии Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022"

17 июни соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмонон ва иштирокдорони чорабинии муҳими сатҳи минтақавиро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори ҳаштум аст, ки ташкил карда мешавад. Сол аз сол зиёдшавии теъдоди иштирокдорони ярмаркаи байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки сатҳу нуфузи чорабинии минтақавӣ боло меравад.

Имсол барои ширкат дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" беш аз 400 нафар меҳмонон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таъкид кард, ки дар ҷаҳони имрӯза таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо амри зарурӣ буда, талаботи замон тақозо мекунад, ки якҷо бо шарикони боэътимод лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ таҳия ва татбиқ карда шавад. Маҳз бо ҳамин мақсад Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд» бори 8-ум дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда истодааст, ки дар доираи он доираҳои тиҷоратии кишварҳои иштироккунанда миёни ҳам дидору мулоқот анҷом медиҳанд.

Қайд карда шуд, ки тайи чанд соли охир роҳбарияти вилояти Суғд дар асоси дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои муайян ноил гардида, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд. Раиси вилоят инчунин доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар ин самт ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар доираи Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нав даст меёбанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва меҳмонон - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахонов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон, инчунин соҳибкорону сармоягузорон аз растаҳои гуногуни намоишгоҳ боздид намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят ва хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда ба намоиш гузошта шуд. Ярмаркаи мазкур 18 июн низ давом мекунад ва давоми рӯзи оянда соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорон оид ба рушди ҳамкориҳо мулоқотҳо анҷом дода, бо имкониятҳои якдигар шинос мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд