Ба ду оилаи ниёзманди вилоят хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзилҳои истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.

Дар партави иқдомҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат имрӯз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ду оилаи ниёзманди вилоят хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд.

Сокини шаҳри Хуҷанд Муҳсин Носиров ва оилааш якҷо бо пайвандон дар як ҳавлӣ ҳафт оила зиндагӣ мекарданд ва ниёз ба беҳтарсозии шароити зист дошт.

Сокини шаҳри Гулистон Муяссар Неъматова бошад маъюби гуруҳи дуюм буда, солҳои зиёд инҷониб аз надоштани манзил иҷоранишин ва дар ҳоли беморӣ овораву сарсон буд.

Ба сокинони ниёзманд калиди хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон супорида шуд. Сокинон бо изҳори хушнудӣ барои дастгириву таваҷҷуҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд