Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таъмиру барқарорсозии Қалъаи қадимаи Хуҷанд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, бомаром идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди иншооти таърихию фарҳангӣ шинос гардида, ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳо дод.
Бояд қайд намуд, ки Қалъаи Хуҷанд бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида, чун мероси бузурги миллӣ ҳифз карда мешавад.
Дар корҳои навсозии иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ширкат варзида, дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.
Ба корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, то имрӯз аксари корҳо ба итмом расонида шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд