Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардида, дар он кишоварзону соҳибкорон ва корхонаҳои саноатӣ маводи ғизоии нисбатан арзонро пешниҳод намуданд.
Дар ярмарка картошка, пиёз, сабзӣ, тухм, гӯшт, биринҷ, равған, гӯшти мурғ, консерва ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ боздид карда, барои дар оянда низ ташкил намудани ярмарка, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии нисбатан арзон ба масъулин супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд