Нимаи дуюми рӯзи 3 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки рӯзҳои 2-3 июн дар шаҳрҳои Тошканд ва Урганҷ ҷараён дошт, бо натиҷаҳои бобарор баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар ба анҷом расид.
Дар доираи ин сафар байни ду ҷониб аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расид, ки маблағи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Руйдоди муҳиму тақдирсоз барои шаҳрвандони ду кишвари дӯсту бародар имзои Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки орзуву омоли чандинасраи мардумони тоҷику узбекро амалӣ месозад.
Натиҷаи дигари бобарори ин сафар аз ҷониби Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев расман оғоз бахшидани корҳои лоиҳакашию иктишофӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт мебошад.
Татбиқи ин ҳадаф омили муҳими рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи барои ҷонибҳо судовари энергетика аст.
Баъди анҷоми сафари расмӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Урганҷ ба Ватан баргаштанд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷ меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони олии қадршиносию эҳтиром ва самимияти хосаи бародарона Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв гусел карданд.