Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз як қатор муассисаҳои тандурустӣ боздид намуда, бо раванди омодагии онҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 шинос гардид.
Зимни боздид аз беморхонаи шаҳрии рақами 2, Маркази саратоншиносӣ, Маркази клиникавии эндокринологӣ, беморхонаи клиникавии бачагона, Беморхонаи клиникии рақами 1 ва таваллудхонаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ масъалаҳои захираи маводи сӯхт, таъмини гармӣ ва беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои тиббӣ барои фасли сармо бо ангишт, ҳезум ва дигар маводи зарурии сӯхт таъмин буда, дар онҳо низоми муосири гармидиҳӣ мавриди истифода қарор дорад.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои тиббӣ бо мақсади беҳтар намудани имкониятҳои ташхису табобат бинову иншооти нав сохта, таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас гардидаанд.
Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки омодагии муассисаҳои тандурустиро ба фасли зимистон ҳамаҷониба таъмин намуда, маводи сӯхтро самаранок истифода баранд ва ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани шароити будубоши беморон ва ҳифзи саломатии модару кӯдак таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Омодагии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 таҳти назорати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




