Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилояти Суғд, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулини соҳаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Зимни машварат Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати ҷамъоварии саривақтии пахта ва картошка, гузаронидани кишти тирамоҳӣ, омодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ ва иҷрои босифати корҳои мавсимӣ дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин, ба масъулин супориш дода шуд, ки корҳои бунёди иншооти гуногуни иҷтимоиву истеҳсолиро вусъат бахшида, барои сари вақт ба истифода додани иншооти сохташаванда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар машварат масъалаи иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ низ баррасӣ гардида, барои иҷрои пурраи нақша ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои вобаста ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ масъулин вазифадор карда шуданд.
Раиси вилоят ба масъулини шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, маҳалли аҳолинишин ва соҳили дарёҳо, инчунин вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дастур дод.
Дар идомаи машварат ба масъалаи рушди саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, зарурати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон, барои бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои нави маорифу тандурустӣ, беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ ва идомаи корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳо масъулин вазифадор карда шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашуда бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта, масъулин барои натиҷаҳои фаъолияти худ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд