Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар ноҳияи Ашт

Дар идомаи иқдомҳои созанда ва корҳои ободонию бунёдкорӣ сокинони кӯчаи ба номи Машариф Қарабоеви шаҳраки Шайдон тасмим гирифтаанд, ки бо тариқи ҳашар роҳи кӯчаи худро ба масофаи наздик ба як километр мумфарш намоянд.

Зимни оғози корҳои мумфаршкунӣ ва суҳбат бо сокинон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ташаббуси сокинон ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати роҳ ва ободонии маҳалли зист истиқбол намуда, таъкид кард, ки чунин иқдомҳои ватандӯстона бояд дар дигар маҳаллаҳо низ густариш дода шавад.
Раиси вилоят саҳми сокинонро дар ободии маҳалли зист муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда метавон корҳои бунёдкориро ба анҷом расонид.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо такя ба ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулон, сокинон ва соҳибкорони Ҷамоати шаҳраки Шайдон дар соли ҷорӣ 14 километр роҳҳоро мумфарш намудаанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоид масъулон ва аҳолии шаҳраки Шайдон нақша доранд, ки ҳаҷми роҳҳои мумфаршшударо то 20 километр расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд