Дар ноҳияи Ашт майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Қабл аз ифтитоҳи майдончаи варзишӣ Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Даҳана суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат дар тамоми самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ пешрафту рушди назаррас ба даст омада, раванди корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо пайваста тақвият меёбад.
Дар ин раванд сокинон ва соҳибкорони ватандӯст бо ташаббусҳои созанда барои ободии маҳалли зист саҳми арзанда мегузоранд.
Бунёди майдончаи варзишӣ дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷасур Саидмуродов намунаи чунин ташаббусҳои ватандӯстона ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати машғул шудани наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меорад.
Масоҳати майдончаи варзишӣ 1000 метри мураббаъ буда, дарозии он 44 метр ва паҳнояш 22 метрро ташкил медиҳад. Иншоот бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, барои машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити заруриро фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки бунёду ба истифода додани чунин иншооти варзишӣ, бахусус дар деҳоти дурдаст, дар таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва дарёфти истеъдодҳои нави варзишӣ аҳамияти муҳим дорад.
Сокинони деҳаи Даҳана изҳор доштанд, ки фароҳам овардани чунин шароити муосир барои машғул шудан ба варзиш самараи сиёсати созанда ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба насли наврас мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд