Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум

11 сентябри соли 2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иҷлосияро ифтитоҳ намуда, доир ба рӯзномаи он маълумот пешниҳод кард ва вакилон рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд.
Дар кори иҷлосия нахуст масъалаи рафти таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №50 «Дар бораи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба ин масъала гузориши муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ шунида шуд.
Чуноне таъкид гардид, бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №50 «Дар бораи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 июли соли 2023, №215 ба тасвиб расида, дар доираи он то имрӯз як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Инчунин, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба татбиқи «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» сари вақт бо қарори Раиси вилоят тасдиқ карда шуда, аз 5 банд иборат мебошад.
Зикр гардид, ки аз ҷониби воҳидҳои сохтории масъули вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати маблағгузории амалисозии босамари Барнома ва нақшаи чорабиниҳо дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва маблағҳои грантӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Тибқи ҳисоботи Раёсати андози вилоят, шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ба 135,8 ҳазор нафар расидааст.
Аз ҷумла, дар вилоят соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд, 23 ҳазору 805 нафар, субъектоне, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мебаранд, 11 ҳазору 795 адад, соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият мебаранд, 21 ҳазору 921 нафар, шахсони ҳуқуқӣ 9 ҳазору 989 адад, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 50 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 68 ҳазору 297 ададро ташкил медиҳанд.
Танҳо дар давоми 4 соли охир теъдоди соҳибкорон 22 ҳазору 22 нафар, ё 19 фоиз зиёд гардидааст.
Таъкид гардид, ки саҳми бахши хусусӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин дар соҳаҳои сохтмон, нақлиёт, савдо ва хизматрасонӣ аз 90 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар се соли охир — солҳои 2023, 2024 ва 2025 — ба иқтисодиёти вилоят сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба маблағи наздик ба 4 миллиард доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст. Танҳо дар нимсолаи аввали имсол ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 713 млн. доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2025 136,7 фоиз мебошад.
Соҳибкорон, сармоягузорон ва умуман бахши хусусӣ дар амалишавии нақшаи сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд.
Зикр гардид, ки ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи миллат дар вилоят ба ҷойи 12 ҳазор иншоот, бо уҳдадории иловагӣ 15 ҳазору 225 иншоот бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд, ки 126,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Корҳо дар ин самт то охири сол идома хоҳанд ёфт.
Соҳибкорону сармоягузорон дар бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гармхонаҳо, фабрикаҳои паррандапарварӣ ва чорводорӣ, азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғу токзорҳои интенсивӣ, сохтмони пулҳо ва мумфаршкунии роҳҳо, бунёди бунгоҳу марказҳои тиббӣ, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, биноҳои баландошёна, марказҳои бузурги савдо ва хизматрасонӣ, инчунин ободу зебо гардонидани шаҳру деҳоти вилоят саҳми арзанда гузоштаанд.
Танҳо соли равон аз ҷониби бахши хусусӣ барои бунёди иншоот бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 162 млн. доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст.
Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №50 «Дар бораи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Сипас, вакилон масъалаҳои ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 24 декабри соли 2025, №71 «Дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2026», истифодаи самараноки амволи давлатӣ, ворид намудани тағйиру илова ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 14 марти соли 2025, №12 «Дар бораи ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва идораи моликияти коммуналӣ», номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғдро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Ҳамчунин ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба одоби вакилӣ ва назорати иҷрои Дастури Маҷлиси вакилони халқ ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум аз ҳавзаи интихоботии «Истаравшан», №32 Салимзода Ҷаҳонгир Салим оид ба иҷрои ваколати вакилӣ шунида шуд.
Дар охири иҷлосия Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода барои таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаҳои соҳавӣ, дастгирии доимии соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят, идома додани корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамзамон, барои таъмини рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар масъалаҳои муҳим дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд