Дар рӯзҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба ятимони кулл ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд таваҷҷуҳ ва ғамхории хоса зоҳир гардид.
Дар тарабхонаи навбунёди «Ҷамила», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ барои 60 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид кард, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, бахусус ятимони кулл ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву таҳсили кӯдакон ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир карда мешавад.
Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки кӯдакону наврасон бояд ба ин ғамхориҳо бо донишандӯзӣ, рафтори намунавӣ ва таҳсили хубу аъло ҷавоб гардонида, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқу ватандӯст барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба 60 нафар кӯдак аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либоси мактабӣ, пойафзол ва дигар лавозимоти хониш тақдим карда шуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омода гардида буд, хотири кӯдаконро боз ҳам болида гардонд. Кӯдакону наврасон бо шодиву нишот аз суруду тарона ва барномаи фарҳангӣ баҳравар шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




