Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатӣ супорида шуд

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросим муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, ба як қатор намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мукофотҳои давлатиро супориданд.
Нахуст муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони вилояти Суғдро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ мебошад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат гирифта, барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Зикр гардид, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил мегардад. Дар ин раванд саҳми сокинони кишвар, аз ҷумла аҳли илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмон, соҳибкорӣ, истеҳсолот ва хизматчиёни давлатӣ назаррас мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони соҳаҳо барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои назаррас бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 38 нафар намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ медали «Хизмати шоиста», ба 8 нафар медали "Шафқат", ба 16 нафар медали ҷашнии "35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ба 7 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 1 нафар унвони "Донори ифтихории Тоҷикистон" супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд