18 август Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо кӯдакону наврасони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд сӯҳбат карда, аз онҳо даъват намуд, ки бо баҳои аъло таҳсил намоянд.
Ба 30 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд. Ин иқдоми хайрхоҳона дар арафаи соли нави таҳсил боиси хушҳолии кӯдакону наврасон гардид.
Таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии ятимони кул ва дастгирии фарзандони оилаҳои ниёзманд таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Наврасон бояд илму ҳунарро азхуд карда, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва дар оянда барои давлату миллати худ хизмат намоянд.
Раиси вилоят ҳамзамон ба масъулини шуъбаи маориф дастур дод, ки ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас чораҷуӣ намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




