Консерти ҳунармандони вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе

Шоми 15 август дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе консерти бошукӯҳи ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, аҳли зиё, шоирону нависандагон, меҳмонони зиёде дар чорабинии бошукуҳи идона иштирок намуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва сатҳи баланди касбӣ доир шуд, дастовардҳои назарраси аҳли фарҳангу ҳунари вилояти Суғдро дар даврони соҳибистиқлолӣ бозгӯ намуда, ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Истиқлоли давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди санъату ҳунар заминаи мусоид фароҳам овард. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созанда ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзу эҳёи мероси маънавӣ, дастгирии аҳли эҷод ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Бо шарофати ин сиёсати фарҳангпарварона санъати касбӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, марҳилаи нави рушдро тай намуда, барои муаррифии фарҳанги тоҷикон дар дохил ва хориҷи кишвар имкониятҳои бештар фароҳам омаданд.
Консерти ҳунармандони Суғд низ бозтоби ҳамин дастовардҳо буда, дар он суруду мусиқии миллӣ, рақсу тарона ва намунаҳои беҳтарини санъати касбии вилояти Суғд пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардид.
Ҳунармандони вилоят бо маҳорати баланди касбӣ, иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва барномаҳои ҷолиби саҳнавӣ фазои идона ба вуҷуд оварда, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботро тараннум намуданд.
Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе бо истиқболи гарму самимӣ пазируфта шуд.
Ин чорабинии фарҳангӣ дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ фарҳангу ҳунари миллӣ рушд намуда, ба василаи муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд