Дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи соли нави таҳсил ярмарка-фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш оғоз гардид.
Маросими расмии ифтитоҳи ярмарка дар майдони назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка бо маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва соҳибкорони инфиродӣ шинос гардид. Дар ярмарка намудҳои гуногуни либоси ягонаи мактабӣ, пойафзол, ҷузвдон, ашёи хониш ва дигар лавозимоти зарурӣ ба фурӯш гузошта шуда, маҳсулот бо нархҳои дастрас, аз ҷумла 10 то 20 фоиз арзонтар пешниҳод гардидааст.
Зимни суҳбат бо масъулин ва иштирокчиёни ярмарка таъкид гардид, ки чунин иқдом дар арафаи соли нави таҳсил барои таъмини хонандагон бо либосу лавозимоти зарурӣ ва дастгирии волидон аҳамияти муҳим дорад.
Таъкид шуд, ки рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз масъалаҳои афзалиятнок буда, фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил ва таълиму тарбияи насли наврас вазифаи муҳимми ҷомеа мебошад.
Яке аз ҳадафҳои баргузории ярмарка таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва фароҳам овардани имконияти хариди он бо нархҳои дастрас мебошад.
Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба 100 нафар наврас аз оилаҳои ниёзманд либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуд.
Ярмарка-фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш минбаъд низ идома ёфта, сокинон метавонанд аз маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дигар молҳои зарурии мактабӣ бо нархҳои дастрас истифода баранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




