Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо афсарону сарбозон

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо афсарону сарбозон мулоқот намуд.

Раҷаб Аҳмадзода хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид кард, ки Артиши миллӣ ва сохторҳои низомӣ дар ҳифзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти давлат нақши муҳим доранд.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими заминаи моддиву техникии сохторҳои низомӣ ва беҳтар намудани шароити хизмату будубоши афсарону сарбозон тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд. Дар натиҷа, хизматчиёни ҳарбӣ бо масъулияти баланд вазифаи муқаддаси худ - ҳифзи марзу буми кишварро иҷро менамоянд.
Раиси вилоят бо афсарону сарбозон суҳбат намуда, ба масъалаҳои омодагии касбӣ, интизоми ҳарбӣ, омӯзиши донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Таъкид шуд, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза ҳифзи сулҳу субот ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
Дар мулоқот афсарону сарбозон изҳор доштанд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан хизмати худро ба ҷо оварда, барои ҳифзи марзу сарҳад ва амнияти кишвар тамоми саъю талоши худро равона месозанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд