30 апрел дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
Ярмаркаи мазкур ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гузаронида шуда, маводи ғизоӣ - орд, шакар, гӯшту равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, маҳсулоти нонӣ, шириниҳо ва меваҷот бо нархҳои нисбат ба бозор то 30 дарсад арзонтар пешниҳоди сокинон гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ боздид карда, таъкид кард, ки ҳадаф аз ташкили ярмарка таъмини фаровонии дастархони мардум аст.
Ҳамзамон гӯшаи махсус ташкил карда шуда, беш аз 2000 нони ройгон тақсим гардид.
Бояд гуфт, ки теъдоди зиёди сокинон ба макони баргузории ярмарка омада, маҳсулоти зарурии худро харидорӣ карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




