Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баргузор гардид

Имрӯз, 10 июн таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони мардумӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода кори иҷлосияро оғоз бахшид ва сипас оид ба рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №702 «Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030» муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҳисобот пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам беҳтар шуда истодааст. Айни замон дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят 30 ҳазору 473 нафар фаъолият дошта, аз ин шумора 22 ҳазору 401 нафар ё 73,5 фоизро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, аз 601 нафар корманди роҳбарикунанда 147 нафар занон мебошанд. Дар соҳа 1886 нафар мутахассисони ҷавон, 78 нафар номзадҳои илм ва 3 нафар доктори илмҳои тиб фаъолият доранд.
Дар идома муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода оид ба рафти татбиқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 3 июни соли 2022, №227 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар вилояти Суғд барои солҳои 2022–2026» гузориш дод.
Таъкид карда шуд, ки бо мақсади татбиқи барномаи мазкур аз соли 2022 то семоҳаи аввали соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 36 ҳазору 291 чорабинии гуногун, аз ҷумла вохӯриҳо, семинару тренингҳои омӯзишӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, аксияҳо, ҳамоишҳо ва озмунҳо бо фарогирии беш аз 900 ҳазор нафар ҷавонон баргузор гардидааст. Дар доираи чорабиниҳо зиёда аз 285 ҳазор маводи иттилоотӣ миёни ҷавонон паҳн шуда, инчунин беш аз 7280 мақола ва вокунишҳои иттилоотӣ дар васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ интишор ёфтаанд.
Ҳамчунин, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба саноат, энергетика, коммуникатсия, шаҳрсозӣ ва нақлиёт ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Чашмаи Арзана» №7 Илҳомҷон Исобоев оид ба иҷрои ваколати вакилӣ шунида шуд.
Дар иҷлосия масъалаҳои ворид намудани тағйирот ба буҷети вилояти Суғд барои соли 2026, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва дигар масъалаҳо низ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар анҷоми иҷлосия Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таваҷҷуҳи масъулинро ба татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ, иҷрои саривақтии нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, барои иҷрои вазифаҳои дарпешистода дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғ