Кишоварзони ноҳияи Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти парвариши сабзавоти барвақтӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, ҳамасола аз аввалинҳо шуда бозорҳои истеъмолиро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин менамоянд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти кишоварзони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев шинос гардид.
Айни ҳол саҳмдорони хоҷагӣ ба ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла картошка, сабзӣ, помидор, бодиринг ва дигар намуди маҳсулоти пешпаз машғул мебошанд. Зикр гардид, ки деҳқонон бо истифодаи самараноку оқилонаи замин барои ба даст овардани ҳосили фаровон талош доранд.
Бо мақсади дастгирии саҳмдорон ва рушди соҳа Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ” ба хоҷагӣ сармоягузорӣ намуда, барои пешрафти фаъолияти кишоварзон мусоидат кардааст. Масъулини хоҷагӣ мегӯянд, ки чунин дастгирӣ дар баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои бештар нақши муҳим дорад.
Таъкид шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Аъзоёну саҳмдорони хоҷагӣ ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамчунин, Раиси вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи кишоварзӣ Юсуфҷон Зокирҷонов, сокини деҳоти Ҳайдар Усмонов хабар гирифта, ба ӯ туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




