Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пиёзи барвақтӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати бо сифати баланд омода ва ба бозорҳои хориҷӣ интиқол додани маҳсулот тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Зимни боздиди корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз нуқтаи бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуда, бо ҷараёни саракунӣ, бастубанд ва интиқоли пиёз ба хориҷи мамлакат шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ду шафати истгоҳи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 9 нуқтаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дошта, айни замон барои омодасозии пиёзи барвақтӣ ба содирот саҳми назаррас мегузоранд. Дар ин нуқтаҳо беш аз ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, барои соҳибкорону тоҷирон тамоми шароити мусоид муҳайё карда шудааст.
Қайд гардид, ки барои бе мушкилӣ ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ситоди вилоятӣ фаъолият дошта, ба соҳибкорон, тоҷирон ва интиқолдиҳандагони бор вобаста ба талаботи бозор дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд.
Ҳамзамон бо дастури Ҳукумати мамлакат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамкориҳоро бо доираҳои тиҷоративу иқтисодии хориҷӣ тақвият бахшида истодааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




