Хуҷанд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода камбизоатонро аёдат намуд

27 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд нафар камбизоатонро аёдат  намуда, ба эшон маблағҳои пулӣ, тўҳфаҳои хотиравӣ ва маводи ғизоии ниёзи аввалия супорид.

Раҷаббой Аҳмадзода Сабоат Шукуроваи 67 сола, Файзулло Сўфиҷонов, Мавзуна Зиёева, Шаҳодат Абдуллоеваи 75 соларо аёдат намуд.

Раиси вилоят зимни аёдат иброз дошт, ки моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят менамояд. Дар ин моҳи муборак иҷрои амалҳои нек, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоату муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд. 

Аёдатшудагон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхории доимӣ арзи сипос гуфтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд