Дар Панҷакент ба рушди кишоварзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад

Дар шаҳри Панҷакент ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бо афзоиши майдони кишти зироат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол аз сол зиёд мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Ҷумъа Одина» ва хоҷагии ёрирасони Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал»-и шаҳри Панҷакент бо ҷараёни кишти картошка шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар деҳоти Панҷакент дар майдони 2500 гектар картошка кишт карда мешавад. Таъкид гардид, ки истифодаи тухмии хушсифат ва ба иқлими минтақа мувофиқ, инчунин анҷом додани кишт дар муҳлатҳои оптималӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон аҳамияти калон дорад.
Зимни боздид роҳбари вилоят масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони масъулро вазифадор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои нақшаи кишти зироатҳоро таъмин намоянд.
Дар деҳаи Ёрӣ Раҷаб Аҳмадзода бо нақшаи обёрии заминҳо шинос гардид. Ба иттилои масъулин, соли равон дар ҳудуди шаҳр обёрии замин дар масоҳати 1220 гектар ба нақша гирифта шуда, аз ин ҳисоб 435 гектар замини нав аз худ карда шуда, ҳолати обёрии 785 гектар беҳтар мегардад.
Ҳамзамон вобаста ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, омодасозии иншооти обрасон ва беҳтар намудани вазъи таъминоти об, инчунин бунёди боғу токзорҳои нав ва барқарорсозии боғу токзорҳои куҳна маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар ҳамин мавзеъ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба бунёди боғи нав оғоз бахшида шуд.
Дар марҳилаи аввал дар майдони 5 гектар ва дар маҷмӯъ дар 15 гектар токзор бунёд мегардад. Таъкид шуд, ки бунёди токзор бо истифода аз тавсияҳои мутахассисон ва таҷрибаи пешрафта амалӣ карда мешавад.
Зикр гардид, ки солҳои охир дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаи кишоварзӣ густариш ёфта, самаранокии истеҳсолотро баланд мебардорад ва ба кишоварзон манфиати бештар меорад. Раиси вилоят тавсия дод, ки ҳамкорӣ бо олимони соҳа тақвият дода шуда, корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла бунёди боғу токзорҳои нав, боз ҳам вусъат ёбад.
Дар шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамзамон ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафт.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи онҳоеро, ки дар рушди соҳаҳои гуногун саҳм гузоштаанд, ҳамеша қадр менамояд. Қайд карда шуд, ки зиндагӣ ва фаъолияти собиқадорон барои насли ҷавон намунаи ибрат мебошад.
Ба собиқадорони меҳнат аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои молиявӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд