Дастархони идона барои афсарону сарбозон

Ба муносибати Соли нави мелодӣ дар қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз қисмҳои ҳарбӣ боздид намуда, афсарону сарбозонро бо Соли нав самимона табрик кард.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки хизмати содиқона ва фидокоронаи хизматчиёни ҳарбӣ дар таъмини амнияту суботи кишвар ва ҳифзи марзу буми Ватан басо муҳим мебошад.

Раиси вилоят ба ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ саломатии бардавом, рӯҳияи баланд, хизмат дар сатҳи баланд ва барору комёбиҳоро орзу намуда, изҳор дошт, ки давлату Ҳукумат ҳамеша ба Қувваҳои мусаллаҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Афсарону сарбозон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки вазифаҳои хизматиро бо масъулияти баланд иҷро хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд