
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов хабар гирифт.
Зимни мулоқот Раиси вилоят Оқил Оқиловро бо фарорасии Соли нав самимона табрик намуда, ба ӯ саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда ва умри дароз таманно кард. Таъкид гардид, ки хизматҳои содиқона ва саҳми арзандаи ӯ дар пешрафти хоҷагии халқи кишвар ҳамеша қадр мешаванд.
Оқил Оқилов барои таваҷҷуҳ ва эҳтиром изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти вилоят дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули давлатӣ барору комёбиҳо орзу кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




