Дидорбинӣ бо собиқадорони меҳнат дар Хуҷанд

Дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба дидорбинии як қатор собиқадорони меҳнат рафт.

Зимни мулоқот роҳбари вилоят аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла Ӯғулой Неъматова, Инъомҷон Маҳмудов, Биомина Сатторова ва дигаронро бо фарорасии Соли нав самимона табрику таҳният гуфт.

Раиси вилоят аснои суҳбат таъкид кард, ки соли сипаришуда барои мардуми Тоҷикистон соли вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ ва ташаббусҳои ватандӯстона ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки сокинони кишвар дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа бо ҳисси баланди масъулият меҳнат намуданд ва дар натиҷа имрӯз сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуда, шаҳру деҳоти мамлакат ободу зебо гардидааст. 

Собиқадорон аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти олии давлату Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд ва орзу намуданд, ки соли 2026 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол соли музаффарияту дастовардҳои нав гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд