
29 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Исфара аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.
Зимни суҳбат бо собиқадорони меҳнат Субҳон Ёдгорӣ ва Наҷминисо Қурбонов аз саҳми арзишманди онҳо дар рушди ҷомеа ёдоварӣ шуд. Ба нишони арҷгузорӣ ба заҳмати содиқонаи онҳо аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сокини 102-солаи шаҳри Исфара Лутфияхон Қобиловаро аёдат намуд.
Раиси вилоят ба ин зани куҳансол саломатии бардавом ва рӯзгори обод орзу намуда, туҳфаҳои Сарвари давлатро ба ӯ тақдим кард.
Собиқадорони меҳнат дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайваста изҳори сипос намуда, ба халқу Ватан сулҳу суботи пойдор ва ба давлату давлатдорӣ шукуфоӣ орзу карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




