Таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба кӯдакони ятим дар шаҳри Исфара

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба кӯдакони ятим либосҳои зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни мулоқот бо наврасон иброз дошт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дастгирии ятимону берасторон ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, давлату Ҳукумат масъулияти парасторӣ ва дастгирии ин қишри ҷомеаро бар уҳда дорад.

Таъкид гардид, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои пайваста, кӯдакону наврасон бояд ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқи халқу Ватан хизмат намоянд.

Дар доираи ин иқдом аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим либоси зимистона, шириниҳо ва туҳфаҳо тақдим гардида, ҳамчунин дастурхони идона ороста шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд