Бахшида ба Соли нави мелодӣ дар қисмҳои ҳарбӣ дастархони идона ороста шуд

Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар иду ҷашнҳо дар қисмҳои низомии ҳудуди вилояти Суғд барои диловарони Ватан дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ дастрас мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз қисмҳои низомӣ дар шаҳри Исфара афсарону сарбозонро бо фарорасии Соли нав самимона табрик намуд. Таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷасорату шуҷоат дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва таъмини оромиву осудагӣ дар кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Ба таъкиди роҳбари вилоят дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ба ниҳоди пурқудрат табдил ёфта, шароити хизмату будубоши афсарону сарбозон сол ба сол беҳтар мегардад. Баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳомиёни Ватан нишонаи равшани ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба Артиши миллӣ арзёбӣ шуд.

Дар ин рӯз аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд.

Фарзандони содиқи Ватан бо эҳсоси шукргузорӣ аз чунин таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагӣ бо масъулияти баланд қарзи шаҳрвандии худ — хизмати Модар-Ватанро сарбаландона ба ҷо меоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд