Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид карда, ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ярмарка супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки ташкили ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф аз он таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон мебошад.

Маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, тухм, биринҷ, равған, гӯшти мурғ, орд, макарон ва ғайраҳо бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон гардонида шуд.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд