Таҷлили Рӯзи милитсия дар вилояти Суғд

7 ноябри соли 2025 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавии бошукӯҳ баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ роҳбарияти вилояти Суғд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони соҳа ва ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ тамоми кормандони мақомоти милитсияро ба ифтихори иди касбиашон табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шароит фароҳам оварда шуд, то кормандони ин ниҳод бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият вазифаи муқаддаси худро дар роҳи ҳимояи истиқлолу озодӣ сарбаландона иҷро намоянд. Зеро пешрафти давлату ҷомеа аз суботу амният вобаста аст ва иҷрои ин рисолати муҳим ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст.

Раиси вилоят изҳор дошт, ки кормандони далеру шуҷои милитсия дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо садоқат ба халқу Ватан хизмат намуда, барои таъмини амният, волоияти қонун ва оромии шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони фидокор ҷони худро қурбон кардаанд ва хотираи онҳо ҳамеша пос дошта мешавад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар анҷом, барои хизматҳои содиқона ва ба муносибати Рӯзи милитсия як гурӯҳ кормандони фаъоли мақомоти корҳои дохилӣ бо Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд